Имрӯзҳо дар қаламрави сайёра мо зуд-зуд бо калимаи терроризму экстремизм дучор мешавему ҳодисаҳои нохуш, хунрезӣ, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва дигар амалҳои номатлубро пеши назарамон меорем. Мехостам ба ин масъала каме рӯшанӣ андохта бошам.
Терроризм аслан аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш хунрезӣ, тарсонидан, ба даҳшат овардан мебошад. Экстремизм низ калимаи лотинӣ буда, маънои ифротгароӣ, тундгароӣ, фикру ақида ва амалҳои тундравона, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсе мебошад, ки амалҳои якравию тундгароӣ дорад. Ин амалҳои номатлуби ӯ дар тамоми соҳаҳои фаъолият – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш таъсири манфӣ мерасонад. Шахсе, ки ба ҳаракати экстремистӣ шомил мешавад, оҳиста-оҳиста ба терроризм майл пайдо мекунад, зеро ки фикраш вайрон шуда, ҷаҳонбиниаш маҳдуд гардидааст ва ӯ дар амал татбиқ намудани андешаҳояшро фикр мекунад.
Экстремизм ва терроризм ин ду равияҳоест, ки сулҳу суботро аз ҷомеа бурдан мехоҳанд, дар байни ҷомеа нооромӣ, кинаву адоват, бадбиниро мехоҳанд. Гарчанде ки чунин вонамуд мекунанд, ки мақсадашон некӣ кардан ба дин, ба ҷомеа ва монанди инҳост, аммо таҷрибаи талхи ҷаҳонӣ исбот кардааст, ки терроризм ва экстремизм бар манфиати доираҳои муайян фаъолият мебаранд.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе