Амалҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм имрӯз ҳеҷ як фарди солимақли ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад.
Имрӯз бархе хиёнаткорони Ватан ба давлатҳои бегона фирор карда, нақшаҳои нопокро тарҳрезӣ карда истодаанд ва мехоҳанд сулҳу суботи кишвари моро ноором кунанд.
Дини ислом поки – асту тозагии ботинию зоҳириро металабад. Аммо намояндагони гурӯҳи ТТЭ ҲНИ сар то по мурдор бошанд ҳам, худро пок мешуморанд ва аз номи ислом ҳарф мезананд.
Дини ислом пайваста аз амалу рафтори нодуруст дур буданро талаб мекунад. Бадӣ кардан ба касе ба дини ислом хос нест.
Гурӯҳҳои террористии «Давлати исломии Ироқу Шом», «Толибон» ва ғайра гӯё барои манфиати дини ислом мубориза мебаранд. Ҳар як ҳодисаҳои нанговаре, ки аз ҷониби ин гурӯҳҳо амалӣ мешаванд, дар қалби мардуми ғайримусулмон ҳисси нафратро ба дини ислом бедор мекунад.
Аз ин лиҳоз, мо хизматчиёни давлатӣ, падару модарон дар самти дуруст таълим додан ва тарбия кардани насли наврас бояд масъулияти ҷиддӣ ҳис кунем, онҳоро ба роҳи рост равона созем.
Ба фарзандонамон фаҳмонем, ки бо заҳмату талошҳои мардуми сарзаминамон рӯзҳои даҳшатнок паси сар гаштанд. Аз ободонию гулгулшукуфоии давлатамон бояд шукргузор бошем ва баҳри боз ҳам рушд ёфтани кишварамон саҳм гузорем.
Ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди вабои аср – терроризму ифротгароӣ мубориза барад.
Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ худӣ ё бегона ва ё таҳамулгарову тундгаро буда наметавонад. Террорист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад.
Озодбекова Ситора,
Сармутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират