Нимаи дуюми санаи 27 марти соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа барои шиносоӣ аз фаъолияти кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, аз Хадамот дидан намуд.
Сараввал, Роҳбари Идора (Вазир) аз фаъолияти Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федеролии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе, ки дар дохили бинои Хадамот ҷойгир аст, дидан намуда, аз фаъолияти Намояндагӣ аз наздик шинос шуда, бо муштариён – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва кормандони масъули Намояндагӣ суҳбати самимӣ намуданд.
Ҳамзамон, Холмаҳмадзода Солеҳа аз МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, ки дар ҳудуди Хадамот ҷойгир аст, аз утоқҳои корӣ ва синфхона дидан намуда, бо кормандони Марказ аз наздик шиносоӣ пайдо намуд. Баъдан аз бинои навсохти Хадамот, ки айни замон таъмир рафта истодааст, дидан намуда, барои ҳар чи зудтар омода намудани он дастурҳои муфид дод.
Сипас, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар толори маҷлисгоҳи Хадамот бо кормандони дастгоҳи марказӣ ҳамсуҳбат шуда, роҳбарият ва кормандонро барои фаъолияти пурсамар роҳандозӣ намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират