Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, аз ҷониби кормандони масъули МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути қатора ба самти шаҳри Волгогради Федератсияи Россия сафар доранд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ба самъи шаҳрвандон расонида шуд, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин 30.12.2024 сол, Фармони №1126 -ро ба имзо расонд, ки баъзеҳо онро дар расонаҳо авф ҳам мегуянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, бояд то охири моҳи апрели соли 2025 мақоми худро қонунӣ гардонанд ё кишварро тарк кунанд.
Ҳуҷҷат таъкид мекунад, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ барои ихтиёран баромадан аз қаламрави Федератсияи Россия ё қонунигардонии ҳуҷҷатҳои будубош дар давраи аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 дода мешавад.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Бояд қайд кард, ки расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошад.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар суҳбат ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия телефони боварии Намояндагӣ +7(495)9679844 фаъолият дорад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳалли мушкилоташон муроҷиат намоянд.
Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиатҳоро қабул менамоянд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон, мутахассисони соҳа посух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд