Кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират, вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои супоридани имтиҳон ва гирифтани Сертификат аз забони русӣ, таъриху тамадун ва қонунгузории ФР омадаанд, баргузор намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо, ин муташаккилона сафарбар намудан ва бо ҷойи корӣ мавсимӣ ва доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ширкатҳои кишвари Россия мебошад.
Дар рафти суҳбат ба ҳозирин вакансияҳои ҷойҳои холии корӣ пешниҳод гардид. Бояд қайд кард, ки ширкатҳои Федератсияи Россия омодаанд тавассути муташаккилона дар асоси шартномаи меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кор таъмин намоянд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон доир ба ҳуҷҷатгузорӣ пеш аз сафар, тартиби будубош, доштани касби муносиб ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вобаста ба муҳоҷират маълумот пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки он шаҳрвандоне хоҳиши дар ширкатҳои кишвари Россия тавассути муташаккилона кору фаъолият намудан доранд, аз ҷониби ширкатҳо пардохти роҳкиро, ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, иҷозаи кор, ҷойи хоб, хӯрока ба уҳда гирифта мешавад.
Минбаъд, чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе мунтазам гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират