Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори “Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом” вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон аз падидаҳои номатлуб, терроризму–экстремизм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, интихоби касб, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона, муқовиммат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуданд.
Дар вохӯрӣ Толибова Фарзона – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, Орифӣ Матлуба – сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД, Толибов Искандар – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассис котиби васояту парастории ҳуқуқҳои кӯдак – Шокирова Фарида ва муовини директори Коллеҷ оид ба таълиму тарбия – Юсупова Манзура иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқотро сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр – Толибов Искандар ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод.
Сипас, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират – Фарзона Толибова оиди қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, додани маълумот оид ба кортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷирӣ ва қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ба касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занҳои хонашин, баромад намуда варақаи иттилоотӣ оид ба касбомӯзи, забономӯзӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок тақсим намуд.
Баромадкунандагон вобаста ба самтҳои фаъолияташон, аз ҷумла омилу сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, пешгирии ҷинояткории занон, тағйироту илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳлилу андешаҳои судманд намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд