Бо мақсади бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва корҳои мавсимӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур бо иштироки фаолонаи шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта гузаронида шуд. Дар рафти ярмарка аз тарафи сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Муқумов А., ба иштирокчиён ҷойҳои холии корӣ дар ҶСК НБО «Роғун» пешниҳод карда шуд.
Дар рафти ярмаркаи сайёр ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандони бекор оиди ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар тавияҳои муфид дода шуд.Ҳамзамон, дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон суханронӣ карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд