Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар беморхонаи марказӣ вохӯрии судманд бо кормандони соҳаи тиб баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Толибова Фарзона, директори ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳр – Қурбонова Тахмина, муовини кумаки аввали тибӣ ва санитарии – Абдусатторова Муҳтарам, сармутахассис котиби васояту парастории ҳифзи ҳуқуқи кӯдак – Шокирова Фарида, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – Солиева Муҳайё, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – Толибов Искандар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон иброз долштанд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули суҳбати рӯ ба рӯ оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, соҳибкасб гардидан доир ба огоҳсозии ва пешгирии аз амалҳо номатлуб, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарастӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлуб, ҷинояти занон, тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», терроризму–экстремизм, коррупсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави ФР, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона, муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханрони карданд.
Ҳамзамон, моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.2024, таҳти №1126 оид ба авфи шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд