Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғиб ва ташвиқи анъанаҳои миллӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ Фестивал-озмуни шаҳрии «Беҳтарин армуғон» баргузор шуд.
Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар Фестивал – озмуни шаҳрии «Беҳтарин армуғон», ки дар майдони назди Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, иштирок намуд.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ, ки ба Маҷлиси Олии мамлакат иҷро мегардад, ҷиҳати масъалаҳои шуғли аҳолӣ таъкид менамоянд, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст шаҳрвандро бо шуғли доимӣ таъмин намояд.
Дар Паёми соли 2024 Президенти кишвар Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18 сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд,ба касбу ҳунаромузӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гарданд. Илова бар ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда шуда, ихтисосу ҳунарҳои, ки барои бозори меҳнат заруранд,таъсис дода шавад ва ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат,ба хусус ҷавонон ва занону бонувон,тадбирҳои қатъи роҳандозӣ карда шавад. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват ва симу зари иваз кардану харидан номумкин аст.
Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болида рӯҳ мегардонад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳунарҳои рассомӣ, кашидадузй, қуроқбофӣ, атласу адрасбофӣ, кундалнигорӣ ва наққошӣ, кулолгарӣ ва аъҷубасозӣ, коркарди санг, чарм ва чӯб, нонпазӣ ва хӯрокворӣ, бофандагӣ ва дузандагӣ, мисгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ амал карда истодаанд.
Дар Фестивал – озмуни шаҳрии «Беҳтарин армуғон» ҳамаи ҳунармандони забардасти шаҳр ҷалб гардидаанд ва маҳсули ҳунарҳои худро пешкаши аъзоёни ҳакамон ва тамошобинон гардонидаанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд