Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки бевоситаи муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон дар муассисаҳои таълимии № 53,44 ва 63 бо волидайн, омӯзгорону хонандагон, фаъолон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Ҷамъомадро Рашидзода М. М – муовини раиси ноҳия, роҳбари гурӯҳи корӣ ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Паём – роҳнамо ва дастури кории ҳар яки мо маҳсуб ёфта, дастурамалеро мемонад, ки дурнамои фаъолияти моро муайян мекунад. Қайд карданд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илми маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Паёми Пешвои миллат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар бар гирифта талаботҳои асосии он – пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфтанд.
Пиров А., – мушовири кабинети методии шубаи маориф оид ба рушди соҳаи маорифи ноҳия, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва иҷрои санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии рушди соҳаи маориф, инчунин дар масъалаи супоридани ҳуҷҷатҳо ба маркази миллии тестӣ суханронӣ намуд.
Раҷабзода О., – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзишзимни суханронӣ қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт. Мо, аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Азизова Б., – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия диққати ҳозиринро нисбати ворид гардидани тағйироту иловаҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки аксарияти шаҳрвандони ноҳия ба муҳоҷират мераванд, ҷалб намуд.
Қайд гардид, ки айни замон 124 ҳазор сокинони кишвар дар ин давлати муҳоҷирпазир бо сабаби пурра ба расмият надаровардани ҳуҷҷатҳо худ зери назорат қарор доранд, ки муҳлат то 30 апрели соли 2025 ҷорӣ карда шудааст.
Ҳамзамон, қайд намуд, ки алоқа бо фарзандону наздикон ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот, мусоидат намоянд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод