Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вохӯрии судманд бо сокинон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират баромад намуда, ба таври саҳеҳ вобаста ба рафти корҳои мавсимӣ дар Федератсияи Россия, давлатҳои хориҷа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар маълумот доданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Зимни вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳия расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои муваққатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ доранд то 30 апрели соли 2025 идома дорад. Дар робита ба ин тавсия дода шуд, ки муҳоҷироне, ки вобаста ба ин масъала огоҳӣ надоранд, ба онҳо ин маълумот расонида шавад.
Аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба мушкилоти муҳоҷиратӣ, тағийротҳо дар самти қонунгузории кишвари иқомат саволҳо дода шуда, ба онҳо масъулини бахши Хадамот посухҳои мушаххас гардониданд. Дар хатми вохӯрӣ ба ҳар як шаҳрванд дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон