Бо ташаббуси кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе якҷоя бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо омӯзгорон ва хонандагони МТМУ№63 мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот Алиева Фарида мудири Бахши кор бо занон ва оила, Набиев Фаррухҷон мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Саидов Анушервон мутахассиси Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, Қозиев Фирдавс сармутахассиси котиби мақомоти васоят ва парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва директори муассисаи таълимӣ №63 Ҷамолов Р., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот баромадкунандагон ба масъалаҳои мубрами рӯз пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ,ҷалби онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар, пешгирӣ намудани хурофотпарастӣ, муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират, зиёдаравии динӣ ва бегонапарстиву тақлид ба фарҳанги бегона, одоби муошират дар байни ҷавондухтарон, одоби оиладорӣ дар байни навхонадорон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риоя намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “ Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон”, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ суҳбати самимона доир гардид.
Ҳамзамон, дар вақти суханронӣ доир ба вазъи ҷаҳони муосир, огоҳ будан аз равандҳои гуногун, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ, одоби муошират, корбарии дуруст дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ҳимояи аслияти тоҷикӣ, ҷалби насли наврас ба забономӯзӣ, муносибати хуб бо табиат, ҳимоя манфиатҳои миллӣ, ифтихор аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ҳурмати падару модар ва калонсолон фикру андешаҳо баён гардиданд.
Дар охир ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.Чунин як вохӯрии судманд, бо омӯзгорон ва хонантагони МТМУ №65 ноҳияи Шоҳмансур низ баргузор гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе