Бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо вохӯриҳои судманд бо сокинону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар деҳаҳои Чорбоғ, Шодоб, Чормағзакони боло ва Харангони ҳудуди ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти вохӯриҳо намояндагони КИ ҲХДТ, шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф, мудиронии бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо занон ва оила ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар вохӯриҳои муштарак дар баробари самтҳои дигар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, аз ҷониби масъулини соҳа ба ҳозирин маълумотҳои лозима расонида шуд.
Ҳамчунин, масъулин ибрози андеша намуданд, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилоташон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунанд. Ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланд пешниҳод намудани шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносанд бовар накунанд ва донанд, ки шахсони бегона метавонанд ба онҳо таъсир расонида гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию террористӣ ҷалб намоянд.
Дар рафти вохӯриҳо аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират ба сокинони ноҳия ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ», «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия», «Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй», «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», «Мо зидди савдои инсонем», «Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» дастрас гардид.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб