Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ ва истгоҳи роҳи оҳани шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб дар мавзуи омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва зерсохтори он, бо маром идома дорад.
Дар рафти вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирон масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароранд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират