Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар бинои “Муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ” бо назардошти “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил” ва пешгирии хавфҳои ба аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо таҳдидкунанда вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар он сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев И., намояндагии Дастаи пешбурди саломатӣ, менеҷери шуъбаи рӯҳи равонӣ хонум Санна Раъно, кормандони бунгоҳҳои тиббӣ ва нафаронони фаъоли маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯриро бо ҳозирин намояндаи Дастаи пешбурди саломатӣ, менеҷери шуъбаи рӯҳи равонӣ Санна Раъно оѓоз бахшида, қайд кард, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дастгирии талошҳо барои рафъи бемории сил Дастаи пешбурди саломатӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб чораҳои лозимиро роҳандозӣ намуда истодааст.
Айни замон, дар доираи амалигардонии лоиҳаи таҳти шиори “Ба сифр расонидани бемории сил” дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб дастаи сайёри табибон фаъолият доранд, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамон дар байни аҳолӣ ройгон ташхис гузаронида, барои муайян ва кӯммак расонидан ба нафароне, ки ба бемории сил гирифтор мебошанд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Қайд гардид, ки ташхис ва табобат дар доираи маблаѓҳои лоиҳа ройгон буда, ҳолатҳои фаъоли дарёфти шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда мукилӣ пеш омадааст, ки ҳамкориҳои шариконро талаб менамояд.
Дар ин раванд вобаста ба хавфу хатари бемории сил ва роҳҳои пешгирӣ ва табобати он дар байни аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҷониби мутахассисони соҳаҳо маълумотҳои мукаммал дода шуда, таклифу пешниҳодҳо барои аз байн бурдани ин беморӣ ба нақша гирифта шуд.
Сипас, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев И., дар баромади худ самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъба ва Хадамоти муҳоҷиратро, ки бо ташкилотҳои расмии ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо ҳамкориҳои судманд доранд, муаррифӣ намуда, вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта, доир ба амалҳои ба ҷомеъаи имрӯза таҳдидкунанда аз қабили терроризм, экстремизм, савдои одамон, коррупсия ва дигар бемориҳои сирояткунанда ибрози ақида намуд. Инчунин, ҳозиринро даъват ба амал овард, ки бояд ҳар фарди солимфикру ватандуст барои ба пуррагӣ нест кардани ин амалҳои нангин, ки башариятро ба ташвиш овардааст, дар ҳамбастагӣ мубориза бурда, ба мувафақиятҳои назаррас ноил шавем.
Ҳамзамон, нуқтаҳои муҳим дар самти муҳоҷирати меҳнатии бехатар ба саҳми иштирокдорон расонида шуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби иштирокдорон изҳори минатдорӣ баён гардида, ба ҳар як нафар иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ ва брошюраҳои пешгирии аз бемории сироятии сил тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон