Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир суҳбату мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе идома дорад.
Чунин, як мулоқоти навбатӣ дар маҳаллаи Панҷруди ноҳияи Синои пойтахт бо ҳузури намозгузорони маҳалла баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили даъвати ҷавонон ба артиш, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, пешгирии амалҳои корупсионӣ, пешгирии ҷиноятҳо дар байни ноболиғон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонон ба варзиш, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияти фарзандон, омӯхтани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ эътибори хоса зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҷомеа: пешгирии хушунат дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, сафарбар намудани ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ақидаҳои худро баён намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба маълумоти иштирокдорон расонида шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат бе ҳуҷҷати расмӣ фаъолият доранд, метавонанд дар асоси он то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошашонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Инчунин, оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ намуданд.
Дар охир ба саволу дархостҳои сокинон посухҳои қонеъкунанда манзур карда шуд.
Раёсати Хадмоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе