Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ҷиҳати интихоби ҷойҳои кории мувофиқ дар бозори меҳнат, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, назди маркази савдои «Бадахшон» ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод, инчунин корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд, баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар ярмарка корхонаю муассисаҳои шаҳр фаъолона ширкат намуда, аз ҷониби соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва коммуналӣ, ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии “Роғун” ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки аз 5 феврали соли 2025 нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва ғайри қонунӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, раванди ихроҷи онҳо амалӣ шуда истодааст.
Дар асоси фармони президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандони хориҷие, ки дар феҳристи шахсони назоратшаванда қарор доранд, метавонанд то 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Пас аз 1 майи соли 2025 масъалаи танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия ғайриимкон хоҳад буд ва тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун вобаста ба ихроҷ, инчунин манъи вуруд ба кишвари Россия дар оянда нисбати хориҷиёне, ки вазъи ҳуқуқии худро танзим накардаанд, татбиқ карда мешаванд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Дар фарҷом ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон