Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд” , истгоҳи роҳи “Абрешим” ва бозори “Панҷшанбе” бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути қатора ва нақлиёт ба самти шаҳрҳои Федератсияи Россия сафар доранд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ гузаронида шуд.
Дар рафти суҳбат бо сокинони кишвар, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия телефони боварии Намояндагӣ +7(495)9679844 фаъолият дорад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳалли мушкилоташон муроҷиат намоянд.
Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиатҳоро қабул менамояд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон, мутахассисони соҳа посух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд.
Дар охир ба суолҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсила чорабиниҳо мунтазам аз тарафи МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд