• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Конибодом

Migration Service by Migration Service
30.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Конибодом
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар асоси накшаи  корӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр  дар Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба деҳаи Истиқлолият дар  толори МТМУ  №52 вохӯрии судманд бо сокинон доир намуд.

Дар ин мулоқот  масъулон мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Фарзона Толибова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Баҳодур Маҳмудов, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳр – Акмал Ализода, сармутахассис – котиби мақомоти васояти парастории кӯдак дар шаҳр – Фарида Шокирова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Искандар Толибов ва сармутахассиси маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ ва касбҳои  муосир – Солеҳа Ваҳобова иштирок ва суханрони намуданд.

Сараввал сармутахассиси рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр  – Искандар Толибов мулоқотро оғоз намуда,  ҳадафи баргузории ин вохӯриро шарҳ дод.

Дар идомаи суҳбат  мудири бахши Хадамоти муҳоҷират – Фарзона Толибова оид ба татбиқи қонунҳои нави Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, будубош дар кишвари иқомат, гирифтани иҷозатномаи кор, қайди муваққатӣ, ихроҷ шудани муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ин раванд қайд намуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кудакони ноболиғ вориди қаламрави Федератсияи Россия мегарданд, онҳоро зарур аст, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро нисбати ноболиғон риоя намоянд.

Дар қаламрави Федератсияи Россия кӯдакони ноболиғ ҳамроҳ бо яке аз волидон бояд дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта шавад. Қонунгузории кишвари Россия номнавишти муҳоҷиратии кудакони ноболиғро бо яке аз волидайни он иҷозат медиҳад.

Номнавишти муҳоҷиратии ноболиғон дар асоси аризаи волидайн ё яке аз шахсони парастори кӯдаки ноболиғ дар мақомоти марбутаи муҳоҷиратии кишвари иқомат амалӣ карда мешавад.

Бақайдгирӣ дар Федератсияи Россия дар асоси розигии соҳибмулк ва волидайни кудак сурат мегирад. Ё ин ки дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши кӯдаки ноболиғ дар ҷойи иқомати муваққатии шаҳрванд ба қайд гирифта мешавад.

Дар баробари ин, кудакони аз 6 сола боло, ки зиёда аз 90 шабонарӯз дар қаламрави Федератсияи Россия қарор мегиранд, волидайни онҳоро зарур аст, ки кӯдаки ноболиғро аз қайди изи ангушт ва расмгирии давлатӣ гузаронанд.

Дар ҳолати зиёда аз 90 шабонарӯз зиёд дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доштани шаҳрванди хориҷии ноболиғ, волидайн дар асосҳои зерин метавонад, муҳлати будубоши шаҳрванди ноболиғро дароз намояд:

– Дар асоси муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва ё иҷозати фаъолияти меҳнатӣ барои кадрҳои баландихтисос;

– Дар асоси ҳуҷҷати волидайн – иҷозатномаи зисти муваққатӣ, иҷозати зист (РВП, ВНЖ) ва шаҳрвандии ФР;

– Донишҷӯ будани волидайни кудаки ноболиғ дар кишвари иқомат.

Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мазкур тибқи талаботи қанунгузории Федератсияи Россия пас аз 90 шабонарӯз будубоши шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат ғарийқонунӣ мебошад.

Тибқи меъёрҳои нави қонунгузории кишвари иқомат дар ҳолати надоштани қайди муваққатии шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба таҳсил фаро гирифта намешаванд.

Аз ин лиҳоз, ӯ қайд намуд, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари пазиранда муваққатан зиндагӣ доранд, тавсия медиҳад, ки будубоши кӯдакони ноболиғро дар Федератсияи Россия қонунӣ гардонида, меъёрҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳр – Акмал Ализода оиди даъвати ҷавонписарон ба сафи Қавваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Сармутахассиси рушди ҳунарҳои мардумӣ ва касбҳои муосир – солеҳа Ваҳобова оид ба додани қарзи имтиёзнок, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ, соҳибкасб намудани ҷавонону наврасон, ироа намуд.

Сармутахассис-котиби васояту парастории оиди пешгирии ҷиноят байни ноболиғон, сабаб ва омилҳои бадрафторӣ ва душвортарбия гардидани кудакону ноболиғон, оид ба тайғироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», суханронӣ намуд.

Маҳмудов Баҳодурҷон –  вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, сил, нашъамандӣ, аз ҷумла омилу сабаби амалҳои номатлуб, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, сабабҳои асосии пешгирии терроризму экстремизм, пешгирии муқовимат бо коррупсия, тайғироту илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳлилу андешаҳои судманд намуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Сесияи иттилоотӣ барои кормандони Хадамоти муҳоҷират

Next Post

Чорабинии навбатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Next Post
Чорабинии навбатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Чорабинии навбатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.