Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамоати деҳоти Гулхон вохӯрии навбатӣ бо сокинони деҳа вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷирати бехатар, терроризму экстремизм, инчунин рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, гузаронида шуд.
Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират оиди муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад, сухан ронда, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро огоҳониданд, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷӣ кишвар, хусусан ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубош ва фаъолияти меҳнатиро риоя кунанд. Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунанда, суҳбат гузаронида шуда, ба саволҳои шаҳрвандон посухҳои қонеъкунанда гардонида шуд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мекунанд дар бораи тартиби дароз намудан ва ё кам намудани муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, бастани шартнома бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ироа намуданд.
Инчунин, иштирокдоронро оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст, шинос карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд