Бо мақсади бо ҷойи корӣ муносиб таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент якҷоя бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва корҳои мавсимӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта гузаронида шуд. Дар рафти ярмарка аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ба иштирокчиён ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” пешниҳод карда шуд. Дар рафти ярмракаи сайёр ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандони бекор оиди ҷойҳои нави корӣ дар дохилӣ кишвар тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ аз тарафи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон, суханронӣ карда шуда, ба шунавандагон доир ба мавзуъ брошюраҳо тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд