Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
Чунин суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинони ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Ҷ. Балхӣ, Фархор, А. Ҷомӣ, Панҷ бо ҳузури фаъолон, омӯзгорону хонандагон, ҷавонон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо, бо иштироки гурӯҳи кории Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои номбурда баргузор гардид.
Баромадкунандагон зимни суханронӣ, оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили даъвати ҷавонон ба артиш, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, пешгирии ҷиноятҳо дар байни ноболиғон, таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросимҳо, пешгирии хушунат дар оила, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияи фарзандон, омӯхтани фанҳои даққиқ ва забонҳои хориҷӣ, муҳоҷирати бехатар, ибрози андеша карданд.
Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҷомеа: пешгирии хушунат дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба варзиш, сафарбар намудани ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ақидаҳои худро баён намуданд.
Ҳамзамон, намояндагони бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои мазкур, дар баромади худ вобаста ба тағйироту иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, суханронӣ намуда, аз ҷумла, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расониданд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Инчунин, ба самъи сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар ин самт метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд. Чунин суҳбату вохӯриҳо бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон