Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав дар Ҷамоати деҳоти Чуст бо фаъолон, сокинони ҷамоат ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта мулоқоти судманд доир гардид.
Зимни мулоқот мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Ҷаборзода Расул, таваҷҷуҳи сокинони ноҳияро, ки як қисми он дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ба он ҷалб намуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Инчунин, қайд кард, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар ин самт метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, номбурда оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии диёр, ибрози ақида намуд.
Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, сухан ронда шуд.Чунин чорабиниҳои иттилоотӣ дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия баргузор карда мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират ва ноҳияи Шаҳринав