Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла бахши Хадамоти муҳоҷират бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангин деҳаи Тутқавул вохӯрии судманд баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират, Маркази касбомӯзӣ ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон, оид ба татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии диёр баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, инчунин, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ва ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ сухан ронда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Таъкид карда шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар ин самт метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав деҳаи Арабхонаи ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.
Раёсати Хадмаоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон