• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муқовимат бо коррупсия рисолати шаҳрвандӣ аст

Migration Service by Migration Service
14.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешгирии ВНМО масъулияти ҷиддиро талаб менамояд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Воқеан, коррупсия ва омилҳои ба коррупсия алоқаманд барои рушди иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини волоияти қонун ва пешрафти ҳар як кишвари соҳибистиқлол монеа эҷод карда, нобоварӣ ва бенизомиро ба вуҷуд меорад. Ин аст, ки ин падида имрўз ба яке аз масъалаи асосии байналмилалӣ қарор гирифта, ҷиҳати коҳиш додани он талошҳои дастаҷамъона амалӣ карда мешавад.

Бо ин мақсад, аз санаи 31 октябри соли 2003, инҷониб, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия ташкил гардида, кишварҳои ҷаҳонӣ бо ҳамроҳшавӣ ба ин конвенсияи мазкур мехоҳанд шиддати коррупсияро коҳиш диҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба ин конвенсия дар баробари беш аз 100 давлати дунё, санаи 25 сентябри соли 2006, имзо гузошт, ки 16 апрели соли 2008, аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки муқовимат ва мубориза бо ин вабои аср аз мақсадҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ то инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ карда шуданд. Санаи 10 –уми январи соли 2007, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани мақомоти махсуснигаронида бо номи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030”, ва ҳамкориҳои пурсамар ба роҳ мондан бо ҷомеаи шаҳрвандӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.

Аз рўи таъкидҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза ва муқовимат бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти назоратбаранда набуда, балки рисолати ҳар фарди худшинос ва ватандӯст мебошад, ки барои пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсиёнӣ дошта ва аз байн бурдани ин вабои аср саҳми назарраси худро гузоранд.

Дар умум ҳаминро метавон зикр намуд, ки тамоми вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, бахши хусусӣ ва шаҳрвандони кишварро лозим аст, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ мубориза баранд ва корҳои фаҳмонидадиҳиро дар ин самт таҳким бахшанд. Маҳз бо ҳамбастагӣ ва фаъолиятҳои пурсамар мо метавонем бар зидди ин падидаи хавфнок мубориза бурда, ҳадафҳои стратегии худро амалӣ созем, волоияти қонунро дар кишвар таъмин ва нигоҳ дорем ва ҳаёти шоистаро барои ҳар фард дар фазои субботу амният ва ваҳдати миллии кишвари соҳибистиқлоламон таъмин намоем.

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 

Previous Post

Зуҳуроти номатлуб

Next Post

Терроризм падидаи номатлуби ҷомеаи навин

Next Post
Терроризм падидаи номатлуби ҷомеаи навин

Терроризм падидаи номатлуби ҷомеаи навин

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.