Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар ноҳия дар деҳаи Мадрушкат Ҷамоати деҳоти Лангар, бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарзи дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вохӯрии судманд анҷом дод.
Боиси таваҷҷӯҳи хос аст, ки дар қонун, тарбияи на танҳо наврасону ҷавонон, балки куллӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансабу вазифа мавриди назар буда, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар тақозо мешавад, ки бо асосгирии меъёрҳои қонуни мазкур, дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ, масъулияти ватандории хеш ташаббусу фаъолияти судманд зоҳир намоем. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ пайваста ва доимо роҳнамои ва ҳидоят менамоянд, иброз дошт корманди бахши Хадамоти муҳоҷират.
Дар баробари ин таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерӯи ҷисмонӣ нерӯи ақливу зеҳнии ҷавонон бартарият пайдо намудааст. Аз ин рӯ, мо ҷавонон сарчашмаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, ободкориву бунёдкорӣ, аз ҳама муҳим омили суботи ҷомеа ва амнияти давлату миллат бошем. Зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ҳар гуна равияҳои ифротиву иғвоангез дар ҷомеа нагардем. Шукргузор аз тинҷиву оромӣ ва суботу амнияти ин кишвари биҳиштосо бошем. Дар фазои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият пайваста дар пайи омӯзиши илму маърифат бошем, то тавонем барои имрӯз ва ояндаи миллат ва ватанамон саҳми боарзише гузошта тавонем.
Дар охир оиди бемориҳои ВНМО ва СПИД, пурсиш ва посухҳои ба маврид сурат гирифта, ба шаҳрвандон доир ба мавзуъ варақаҳои иттилоотӣ- маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд