16 майи соли равон, кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, дар назди бозори “Меҳргон”-и ноҳияи И. Сомонии пойтахт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуданд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинии муҳим, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ, ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисони мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат дар шаҳри Душанберо дарбар мегирифт.
Тавре аз раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, дар ярмарка корхонаю муассисаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе фаъолона ширкат намуданд.
Дар он аз тарафи ҶСК “НБО Роғун”, ҶДММ “Ваҳдат Текстайл”, ҶДММ“Ноқили Талко”, ҶСК “Сементи тоҷик”, ҶСП “Телеком технолоҷӣ”, ҶДММ “Ғаюр корея технолоҷӣ”, ҶДММ “Лазолӣ”, ҶДММ “Армон-21”, КВД “Обу корези шаҳри Душанбе”, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин соҳаи тандурустӣ ва соҳаи маорифи ноҳияҳои пойтахт ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират