Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амниятӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлати ва байнимазҳабӣ барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм мусоидат мекунад.
Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардида истодааст. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омадаанд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
Дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат нишон додан бар терроризм якчанд конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро оид ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуда, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки иродаи кишвари мо алайҳи мубориза бар зидди терроризм қавӣ мебошад.
Мубориза бар зидди терроризм қисми таркибии таъмини амнияти натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳрони ҷомеа пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ номукаммалии заминаи меъёри ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.Мардуми Тоҷикистон терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда, мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин падидаи номатлуб дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ зарур медонад.
Мирзозода М,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон