Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд” бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути қатора ба самти шаҳрҳои Федератсияи Россия сафар доранд, ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода истодаанд.
Дар рафти суҳбат бо сокинони кишвар, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон, мутахассисони соҳа посух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд.
Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандон вобаста ба тағийротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон маълумотҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағийротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома манзур намоянд.
Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Ҳамзамон, ба иттилои шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву эсктремистӣ, ифротгароии динӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ва хатару омилҳои гурӯҳҳои мазкур маълумот манзур карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, аз ин гуна гуруҳҳои мазкур канораҷӯӣ намоянд. Ҳаёти худро қурбонӣ манфиати дигарон накунанд.
Инчунин, ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, ки тавассути омилҳои гуногун ба шаҳрвандон сироят меёбанд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, даъват ба амал овард шуд, ки ваъзи беҳдошти саломатии худро хуб нигоҳ доранд.
Дар фарҷоми мулоқот ба муҳоҷирон иловатан иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати қонунигардони дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағийрот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд. Аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба масъулин саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 ;
(WhatsApp)
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд