Дар доираи нақшаи чорабиниҳои МИҲД ноҳияи Шаҳринав оид ба гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаи Хуҷии ҷамоати деҳоти Чуст мулоқот барпо гашт, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” бо аҳолӣ сӯҳбат намуда, иҷрои масъалаҳои мазкурро асоси пешрафти кору фаъолият ва зиндагии мардум унвон карданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ҷаборзода Расул, баромад намуда, оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории кишвари Россия маълумот пешниҳорд намуда, аз ҷумла ба таваҷҷуҳи иштирокдорон расонид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Ба иттилои сокинони ноҳия расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Вохӯриҳои намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо фаъолон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав