Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамкорӣ бо Нозироти андоз дар ноҳия дар деҳаи Камодон, ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик, бо сокинон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ҷалби муҳоҷирони меҳнатии дохилӣ ба НБО “Роғун”, инчунин пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва пардохти андозҳои ягона, замин ва андоз аз воситаҳои нақлиёт, вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 қисми 1 аз 15.04.2025, №2163 ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ ва гармӣ, тағйирот ворид карда шуд.
Дар баробари ин, аз сокинони ноҳия хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ кӯшиш намоянд ва ба истифодаи ғайримақсаднок ва бар хилофи қонун амал нанамоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд