Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара бурдани корҳои фаҳмондадиҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони шуъба дар бозорҳои шаҳри Исфара байни сокинон корҳои иттилоотӣ – маърифатиро ҷоннок намуда истодаанд.
Аз ҷумла, дар рафти суҳбату вохӯрӣ мутахассиси шуъба Ҷӯраев И., вобаста ба масъалаҳои қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун”, муҳоҷирати беҳатар ва муқовимат ба савдои одамон, мубориза бар зидди коррупсия, оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин дар бораи пешгирӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар утоқи кории шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд бо шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар ба муҳоҷирати меҳнатиро доранд, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ гузаронида шуд.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Инчунин, ба иттилои сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар ин самт метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.
Дар охир аз ҷониби кормандони шуъба ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд