Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар якҷоягӣ бо кормандони шуьбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва КИ ХХДТ дар ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Чунин як вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Гулхон деҳаи Саричашма доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 28-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуда буд, ”Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ ҳодисаҳои номатлуб, ҳолатҳои коррупсиони, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони мехнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Аз руи масъалаҳои болозикршуда иштирокдорон фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Саидов Сино, вобаста ба тағйиротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон маълумотҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағйиротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома манзур намоянд.
Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Инчунин, ба иттилои сокинон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву эсктремистӣ, ифротгароии динӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ва хатару омилҳои гурӯҳҳои мазкур маълумот манзур карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, аз ин гуна гурӯҳҳои мазкур канораҷӯӣ намоянд. Ҳаёти худро қурбонӣ манфиати дигарон накунанд.
Дар фарҷоми мулоқот ба муҳоҷирон иловатан иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати қонунигардони дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағийрот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Аз ҷониби сокинони ноҳия ба масъулин саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 ;
(WhatsApp)
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд