Бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус дар якҷоягӣ бо бахши Хадамоти муҳоҷират, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар маркази ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Абдуллозода Тағой ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод дар ҳудуди ноҳия буда баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва бо пешниҳоди зиёда аз 150 ҷойҳои холии корӣ дар корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва ҷойҳои холии корӣ дар ҶСК НБО « Роғун» гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба чанд нафар шаҳрвандони корҷӯй роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дода шуда, 10 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби масъулин байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон гузаронида шуд.
Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳар гуна мусобиқаҳои варзишӣ низ баргузор гардид. Дар маросими тантанавӣ ба ғолибон аз ҷониби Мақомоти ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳо супорида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон