Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар ҷамоати деҳоти Навгилем тибқи нақша – чорабиниҳо, бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки айни замон дар кишвари Россия кору фаъолият доранд, вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., вобаста ба талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонии хориҷӣ аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст ва тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, №272 ба фармони қабли тағйирот ворид гардида, шаҳрвандон метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро дар кишвари иқомат муайян намуда, ҳуҷҷатҳои худро расман ба қайд гузоранд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағийротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Инчунин, ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд.Сокинони ҷамоати деҳоти Навгилем вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ ба масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират саволҳо дода, масъулин ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас гардониданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд