Санаи 24 май бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Кули ҷавонон” бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Зикр шуд, ки варзиш гарави саломатӣ буда, ҳамарӯза аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ равона карда мешавад. Аз ин рӯ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим – руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” тасдиқ гардидааст. Дар асоси нақшаи мазкур кормандони вазорату идораҳо дар рӯзҳои муайянгардида дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират