Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон якҷоя бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия бо иштироки аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, вобаста ба масъалаҳои тағйиру иловаҳо дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон, терроризму экстремизм, чорабинии саривақтӣ гузаронида шуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон ба самъи шаҳрвандон расонид, ки риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат зимни фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия кафолати фаъолияти меҳнатиро фароҳам оварда, имконият ва бехатарӣ дар фаъолияти меҳнатиро таъмин менамояд.
Аз ҷумла, оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 иттилоъ дода, қайд кард, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дӯст доштани фарҳанг, таърих ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ суханоронӣ намуд.
Инчунин, гуфта шуд, ки шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44, ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.
Дар фарҷом ба саволҳои сокинон оид ба муҳоҷират, мушкилот дар самти фаъолияти меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб масъулин ҷавобҳои мушаххас доданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд