Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Ҳайронбеди Ҷамоати деҳоти Фондарё, бо фаъолони деҳа, кумитаҳои маҳал ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Мукаррамзода Ф., мудирони бахши занон ва оилаи назди МИҲД- и ноҳия Халифаева С., бахши дин ва танзими ҷашну маросимШодиев Ш., шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ Хокироев М., ва бахши Хадамоти муҳоҷират Ғайбуллоев Б., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон доир ба муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон- “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯсти шаҳрвандон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(моддаи 382- “Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ”), сухан ронда, таъкид намуданд, ки масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, дорои аввалиндараҷа мебошанд.
Сипас мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Ғайбуллоев Б., баромад намуда, ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳия расонид, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро дар ин самт риоя намуда, огоҳинома оид ба шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо саривақт ба мақомоти дахлдори давлатӣ манзур намоянд.
Ба самъи сокинон мерасонем, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва пеш омадани мушкилот дар ин самт метавонанд ба рақами боварии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР бо рақами +7(495)967-98-44 дар тамос шаванд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд