Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.
Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи волои ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама аз вазъи иҷтимоӣ ва муҳити оила сар мешавад. Яке аз омилҳои маъмултарин, ки боиси шомил гардидани ҷавонон ба ифротгароӣ ва даст задани ноболиғон ба қонунвайронкуниҳо мегардад ин истифодаи ноогоҳонаи онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Имрӯзҳо шомил шудани гурӯҳи ҷавонони гумроҳзада шаҳрвандони моро ба ташвиш овардааст. Чаро онҳо гумроҳзадаанд? Оиди ин савол шахсро ба дуриҳои дур мебарад ва ба андеша кардан водор месозад. Вале боз чаро касе онҳоро аз роҳи нодуруст намегардонад? Чаро волидон ин ҳолати онҳоро дарк накардаанд? Чӣ онҳоро ба бегонагӣ бурд? Чӣ онҳоро барои ба ин роҳ рафтан маҷбур сохт?… Шароит, зиндагӣ, замона, камбизоатӣ ва ғайраҳо. Чиҳо ва чораҳои дигар.
Сабабҳои ин гумроҳии онҳоро мо бояд аниқ кунем, маълум месозем ва аз пайи дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҷавонони имрӯза шавем. Чунки созандаи давлати ояндаи тоҷикон ҷавонони имрӯзаанд.
Мо бояд барои ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил нашудани ҷавононро ҳамаҷиҳата чораандешӣ намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем. Зеро ки қувваи пешбарандаи ҷомеаи мо ҷавонон мебошанд. Ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост.
Мо ҷавононро тавре тарбия намоем, ки худогоҳу ватандӯст ва ифтихори миллӣ дошта бошанд. Ватани орому осоиштаи хешро аз ҳар хавфу хатари бегона муҳофизат карда тавонанд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои ифротгароӣ шомил нагарданд. Иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва одобу ахлоқи ҳамида дошта бошанд.
Сафаров Абдулфайз,
Мутахассиси пешбаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб