Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаҳои Сарёзидашт ва Маҳмадали Ғаффор-и ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ки дар кори сохтмонӣ машғул буданд, вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни мулоқоти баргузоргардида зикр карда шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандона, созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари маҳбуби мо — Тоҷикистон рӯз аз рӯз рушд намуда, зебову шукуфон гардида истодааст. Дар заминаи ин сиёсати бунёдкорона барои сокинони мамлакат шароити мусоиди зиндагӣ, кору фаъолият ва зиндагии осоишта муҳайё гардидааст.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногуни идеологӣ ва иттилоотӣ, зиёд гардидани ҷавонон, бояд ҳамеша зиракии сиёсиро нигоҳ доранд ва дар мубориза бо ҳама гуна амалу ҳаракатҳои номатлуб ва тахрибкорона саҳми фаъол дошта бошанд. Зеро душманони миллат бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун мекӯшанд шуури ҷавононро таҳти таъсир қарор дода, онҳоро аз роҳи рост ва арзишҳои муқаддас дур созанд.
Мақсади баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву ифтихори шаҳрвандӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ мутахассиси пешабри шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Сафаров Абдулфайз, вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи қонунҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили экстремизму терроризм, амалҳои коррупсионӣ, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуд.
Аз ҷумла, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар, риояи қонунҳо ва қоидаҳои будубоши шаҳрвандон дар ҳудуди Федератсияи Россия, зарурати гирифтани сертификати донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР ва тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 дароз гардидани муҳлати қонунигардонӣ будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳозирин маълумот дод.
Иброз гардид, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд худро аз гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистию террористӣ дар канор гирифта ба даъватҳои таблиғотии шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмакҳои интернетии бардурӯғ, ки шахсро гумроҳ месозанд набояд фирефта шуд.Таъкид гардид, ки дар сурати ба чунин амалҳо рӯ ба рӯ шудан онҳо барои ҳалли мушкилоти худ ба Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ бо сокинон, вобаста ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, ривоҷ додани корҳои ободкорию созандагӣ дар деҳот, таълиму тарбияи фарзандон, содиқ будан ба ватану миллат, омодагиҳои назаррас ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дастури зарурӣ дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба ҳозирин брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират вобаста ба муҳочиратӣ бехатар ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон