Оре, сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву оромии мардум буда, маҳз он сабабгори ба хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон, барои ободии диёру хонадон меҳнат кардани мардум ба шумор меравад.
Сулҳ шоистатарин неъмати рӯйи замин аст. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, орзую ормони одамон ҳамеша аз сулҳу амонӣ бармеояд. Аз ин рӯ, сулҳ барои инсон чун обу ҳаво зарур аст.
Сулҳу ваҳдат аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро танҳо бо якдигарфаҳмию ваҳдат ва дӯстии ҷовидонӣ сулҳ барқарор шуда метавонад. Зери ливои парафшони сулҳ мо – ҷавонон дар партави озоду ободи Ватан фаъолияту таҳсил намуда, ҳар лаҳза аз зебоиву оромии ин сарзамини камзамин баҳравар гардида истодаем. Бе сулҳу осоиштагӣ ин ҳама зебоиҳоро эҳсос кардан натавон. Бесабаб нест, ки гуфтаанд:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо,
Мо ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки дар ҷумҳурии мо ба вуҷуд омада буд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард. Дар натиҷаи он кишвари моро буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанигию мазҳабӣ фаро гирифта, онро ба харобазор табдил дода буд.
Дар он лаҳзаҳои мудҳиш дар Тоҷикистони азизи мо кашмакашиҳои сиёсӣ авҷ гирифта, хатари нестшавии мамлакати мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон пешбинӣ гардида буд. Созмонҳо ва ҳаракатҳои гуногун ба майдон омаданд, ки баъзеи он сабабгори таъқибу куштори одамони бегуноҳ гардиданд.
Ин ҷанги бемаънӣ иқтисодиёти Ватанро хароб карда қариб буд, ки мамлакатро пароканда созад, вале, ба бахти мо, бо ташаббуси сулҳпарваронаи фарзанди арзандаи миллат, ватандӯсти боирода Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиятдидаро аз вартаи ҳалокат наҷот дода шуд.
Пешвои муаззами миллат ба мухолифин, ки дар сангарҳо нишаста буданд, чунин муроҷиат намуданд: “Биёед, кинаю адоватро як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар муттаҳидӣ мо метавонем Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо намоем”.
Ин даъвату пешниҳод аз тарафи мухолифин пазируфта шуд ва бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид гуфтушунидҳо барои сулҳу осоиштагии Тоҷикистон оғоз ёфтанд. 27-уми июни соли 1997, ки Созишномаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мухолифин ба имзо расид, дар таърихи миллати мо ба ҳарфҳои заррин навишта шуд.
Инак, аз таърихи баимзорасии ин санади муҳимми таърихӣ солҳо сипарӣ шуданд. Тоҷикистони азизи мо имрӯз тараққӣ мекунад ва гул-гул мешукуфад. Маҳз меҳнати зарбдоронаи мардуми заҳматқарин ва роҳнамоии оқилонаи Сарвари давлат аст, ки Ҷумҳурии мо истиқлолияти худро мустаҳакам кунонд. Ба андешаи мо, сулҳу ваҳдат танҳо аз дӯстӣ, ҳамдилӣ ва якдигарфаҳмӣ пойдор мегардад. Маҳалгароӣ ва ғайбату буҳтон оташи нифоқу ҷангро бармеангезад.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Бояд қайд намуд, ки ҷангу ҷидол ва душманӣ ба ҷамъият танҳо харобию даҳшат меорад. Дар ҳақиқат, ҷанг балое, офатест, ки ободиҳоро вайрон месозад. Доғи ҷанг як умр дар дили одамон мемонад. Сулҳ бошад офтоби дурахшон аст, ки аз нурҳои ҷонбахши он олам мунаввар мешавад.
Таманнои онро дорем, ки дигар ҳеҷ гоҳ дар рӯйи замин оташи ҷанг аланга назанад. Бигузор офтоби сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азизи мо нурафшон бошаду кабӯтари сулҳ дар фазои он болафшонӣ намояд.
Ахмедов М,
Сардори шубаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара