• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ваҳдат – ифодагари ягонагӣ

Migration Service by Migration Service
17.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ваҳдат – ифодагари ягонагӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бисту ҳашт сол муқаддам бо талошҳои хастанопазир ва иқдомҳои ҷавонмардонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дигар фарзандони фарзонаи миллат ба Ваҳдати миллӣ расидем. Яъне 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санаи бузурги таърихӣ дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид.

Пешвои миллат дар Муроҷиатномаи худ баифтихори ин Созишнома чунин гуфта буданд: “Ҷиду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст, зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро аз худ дур андохта, морони заҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад…”.

Боиси қайд аст, ки сулҳи Тоҷикистон ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Бо баракати сулҳу ваҳдат сохтмонҳои азим бунёд ва самтҳои мухталифи иқтисодиёт равнақ ёфтанд, ҳамкориҳои чандҷониба бо кишварҳои ҷаҳон мустаҳкам гардиданд.

Воқеан Сарвари давлат ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо қатъият изҳор намуда буданд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам”. Дар ҳақиқат ба ин қасамаш содиқ монданд… Дар ҳар хонаву оилаи мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат оварданд.

Имрӯз мо ба хизматҳои бепоёни Пешвои миллат сари таъзим фуруд меорему арзи сипос менамоем. Ҳазорҳо маротиб шукри Ватани соҳибистиқлол ва Пешвои миллат мекунем. Албатта Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ комёбии бузургест, ки баъди истиқлоли кишвар ба даст омад.

Бузургони олам дар бораи сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон адешаҳои ҷолиби хешро дар саҳифаҳои таърих ифода намудаанд. Чунончӣ, собиқ роҳбари Маркази Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марк Жилбер гуфтааст: “Он чи халқи тоҷик хотима бахшидани ҷанги бародаркушро зарур дониста, ба истиқрори сулҳ дар ватани худ иқдом кард, комёбии асосию муҳиматарини Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият аст”.

Хушбахтона имрӯз зери парчами сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ побарҷо аст ва бедории шууру ифтихори миллии шаҳрвандон хуб эҳсос мешавад.

Хайриддинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Чорабинии навбатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Next Post

Вохӯрии навбатии саривақтӣ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кӯлоб

Next Post
Вохӯрии навбатии саривақтӣ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кӯлоб

Вохӯрии навбатии саривақтӣ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кӯлоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.