• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ярмарка – намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ дар Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе

Migration Service by Migration Service
17.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ярмарка – намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ дар Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори Филиали Донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, вобаста ба ҷалби  корхонаю муассисаҳои пойтахт ва ташкилотҳо, тақсимоти хатмкунандагон бо ҷойи кор, ярмарка – намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ барои хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ярмарка кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷи рат ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD ва шуъбаву раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат, муҳайё намудани шароити мусоид ва ба ин васила беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Агар яке аз роҳҳои ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба кор ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор тавассути мактабҳои олӣ, техникум ва коллеҷу литсейҳо омода намудани мутахассисони воқеан ҳам дар бозори меҳнат рақобатпазир бошад, роҳи дигари он таъсиси даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойи кор аст, ки бо ибтикори кумитаю вазоратҳо амалӣ гардонида мешавад.

Директори донишгоҳ Ғанизода Рустам Ғафур иброз дошт, ки масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор доранд, ки он дар заминаи мониторинги самаранокии таҳсилоти олии ватанӣ яке аз самтҳои муҳимтарин қарор гирифта, асоси сиёсати стратегиро ташкил медиҳанд.

Ҳаминаст, ки баҳри ба кор таъмин намудани донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе роҳбарияти ин боргоҳи илму маърифат пайваста талош менамояд, то донишҷӯёнаш баъд аз хатми донишгоҳ пурра ба кор таъмин бошанд. Яке аз василаҳои муассир дар ин масъала вохӯрии анъанавии хатмкунандагони Филиал бо корфармоёни эҳтимолӣ мебошад, ки имрӯз ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ дар ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид ва дар он намояндагони зиёда аз 70 вазорату идораҳои сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратии шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзиданд.

Ташкил ва баргузории чунин намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ имкон фароҳам месозад, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои худ ҷойи кори мувофиқ пайдо намуда, бо шарту шароит ва роҳнамоиҳои ташкилоту муассисаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ошноӣ пайдо карда, барои ояндаи дурахшони хеш саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Инчунин, дар чорабинӣ  оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд. 

Дар фарҷом ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ  тақсим карда шуд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии навбатии саривақтӣ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кӯлоб

Next Post

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад

Next Post
Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.