Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонидан, зарур аст.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мебошад.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ, дорад ва барои амнияти давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид эҷод менамояд. Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ, вазъ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм ин зуҳуроти номатлуб афзоиш ёфтааст.
Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем. Қайд кардан зарур аст, ки ҳадафҳои ифротгароён асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намудан, амнияти тамоми ҷаҳонро халалдор сохтан аст. Ба муқобили ифротгароӣ ҳама бояд мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён ояд.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи чаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаи гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвакта авҷ гирифта, бо оқибатҳои худ ба муаммои ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои гул-гул шукуфии Ватани азизи хеш саҳмгузор бошем, ба қадри сулҳу субот, оромиву осудагӣ расем. Ин неъматҳои беназирро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Гурӯҳҳои бадхоҳ, душманони миллати мо дар дохили кишвар ва берун аз он талош доранд, то ҷомеаи ороми моро ноором созанд. Нагузорем, ки ягон нафар ба тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвар халал расонад. Аз ин рӯ, ҳама бояд аз як гиребон сар бароварда, барои ободиии кишвар саҳмгузор бошем.
Авазов М,
Корманди масъули шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ва “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе”-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе