• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳиро дар “Фурудгоњи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҷоннок намуданд

Migration Service by Migration Service
18.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳиро дар “Фурудгоњи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҷоннок намуданд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ҳамарӯза корҳои иттилоотӣ – маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳури – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”, ҷоннок намуда истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар як вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия дуруст омода будан, донистани қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, қайди муваққатӣ, гирифтани Патент, инчунин  пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, эълон намудани љойњои холии корӣ дар ширкатњои ватании кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз.

Дар рафти вохӯрӣ, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.

Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад:

1. Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор);

2. Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”;

3. Шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”;

Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.

Ҳамзамон, иттиллоъ дода шуд, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда шароиту имконияти хуб мавҷуд буда, ширкатҳои сохтмони, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузург аз қабили НБО “Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил” ва дигар сохтмонњои азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ ба мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.

Бо назардошти ин даъват ба амал оварда мешавад, ки њар як фарди ватандӯстро мебояд аз ин имкониятҳои манфиатдор самаранок истифода бурда, дар ободию созандагии ватани хеш саҳми арзанда гузорад. Дар охир тавсия дода шуд, ки дар хориҷи кишвар худро эҳтиёт намуда, зиракию ҳушёрии хешро аз даст надињанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.