Санаи 18 июни соли ҷорӣ, сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Ҷамолов Рустам, доир ба навовариҳои қонунҳои амалкунанда дар кишвари Россия, дар барномаи радиои вилояти Суғд, суханронӣ намуд.
Номбурда қайд кард, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510, ки ба қайди рақамии ҳатмии шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба Россия ворид мешаванд, асос мегузорад, аз 30 июни соли 2025 ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бояд тавассути барномаи мобилии “Госуслуги RuID” сабти ном шаванд ва рамзи QR-и махсус гиранд, ки ҳангоми гузаштани сарҳад пешниҳод кардан лозим аст.
Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?:
Қадами 1: Барномаи мобилии “Госуслуги RuID”-ро боргирӣ намоед — он дар App Store ва Google Play дастрас аст.
Қадами 2: Сабти ном гузаред. Маълумоти зеринро ворид кунед:
• Маълумоти шахсӣ (ном, насаб, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ),
• Маълумоти шиноснома,
• Рӯзи пешбинишудаи вуруд ба Россия.
Қадами 3: Барнома рамзи QR тавлид мекунад.
Ин рамз ҳатмӣ аст. Онро ҳангоми ворид шудан ба Россия дар сарҳад бояд нишон диҳед.
Бе ин рамз мумкин аст ба шумо иҷозати вуруд дода нашавад.
Ҳамзамон, хабар медиҳем, ки дар асоси Қонуни Федералии № 121-ФЗ аз 23.05.2025, дар доираи таҷриба оид ба бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз 1 сентябри 2025 то 1 сентябри 2029 дар Москва ва вилояти Москва баргузор мегардад, низоми нави бақайдгирӣ тавассути барномаи мобилӣ ҷорӣ карда мешавад.
Фарқи асосӣ:
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар таҷриба иштирок мекунанд, вазифадоранд на танҳо ба таври анъанавӣ дар макони истиқоматашон сабти ном шаванд, балки тавассути барномаи махсуси мобилӣ, ки маълумот дар бораи макони будубошашонро пешниҳод карда, мунтазам навсозӣ менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки сабти анъанавии коғазӣ ё идорӣ дар макони истиқомат дар ин давра ва минтақа метавонад бо ҳисоби электронӣ тавассути барнома иваз карда шавад.
Ҳамзамон, ба шунавандагон оид ба иҷроиши фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти № 272 “Оид ворид намудани тағйироту илова ба фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, таҳти №1126” муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст, ибрози андеша намуда ба саволҳои додашуда посухҳои қонеъкунанда гардонида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд