Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вохӯрии судманд бо сарбозони баргашта дар ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор гардид.
Дар он мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова Сулҳия ва сардори Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ашт Қодиров Ҷавоҳир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон махсус қайд намуданд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули суҳбатҳои рӯ ба рӯ, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, савдои одамон, масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарастӣ, пос доштани фарҳанги аҷдодии миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ҳар як инсони боимон бояд ифтихор намояд, ки дар тули солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобатӣ ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асосос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Ҳарчанд, ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом додаанд ва итминони комил дорем, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.
Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеъа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд