Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар якҷоягӣ бо намояндагони КИ ҲҲДТ дар ноҳия, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шиори “Нест бод террроризм” дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Навкат ва бозори марказии ноҳия, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулон асосан оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, суханронӣ намуданд.
Дар суҳбат ба шаҳрвандоне, ки майли сафар ба Федератсияи Россия доранд, фаҳмонида шуд, ки пеш аз сафар ба қаламрави ин кишвар манъи воридоти худро санҷида, баъдан чиптаи ҳавопаймо харидорӣ намоянд, чун ҳангоми ворид шудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ наметавонанд аз сарҳади давлатӣ гузаранд ё худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранду иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дастрас намоянд.
Инчунин, вобаста ба манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат раёсату шуъбаҳои ноҳиявию шаҳрии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар ҳолатҳои зерин метавонанд чунин қарор содир намоянд:
– ҳангоми доштани қарори суд дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;
– дар муддати се сол якчанд маротиба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия (вобаста ба минтақаи фаъолияти шаҳрванди хориҷӣ); – пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи худ ва мақсади будубош дар кишвари иқомат; – дар давоми як сол такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии амнияти миллӣ ва ё вайрон намудани қоидаҳои будубош дар кишвари иқомат ва ғайраҳо.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд