Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов якҷоя бо шуьбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ва КИ ҲХДТ бо сокинони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот баромадкунандагон, доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 28-уми декабри соли 2024 баргузор шуда буд, ”Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуб ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинон, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалб намудани муҳоҷирони мехнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ дар дохили кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Саидов С., доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Дар фарҷоми мулоқот ба ҳар як шаҳрванд дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд