• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия – яке аз омилҳои хатарнок ва нангин дар ҷомеа боқӣ мемонад

Migration Service by Migration Service
20.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия – яке аз омилҳои хатарнок ва нангин дар ҷомеа боқӣ мемонад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрўз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим “коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурўхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рў ба рў гардид.

Сабабҳо ва омили асосии густариши корупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуд: “Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахурӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обуруй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем, пурқувватӣ, абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад”.

Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 № 1262 “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)”, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 10 декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.

Дар даврони муосир низ ниҳодҳои махсус баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ташкил шуда дар ин самт фаъолият мекунанд. Имрӯз дар давлати мо ва умуман дар тамоми ҷаҳон мақомотҳои дахлдор мавҷуданд, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бар зидди ин амалҳои номатлуб пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ки амалҳои нанговари коррупсионӣ ба амал наояд. Ҳангоми даст ба коррупсия задан аз тарафи шахсони дахлдор ҷазои ҳуқуқӣ муайян шудааст.

Беҳуда нест, ки дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб таъкид намуда буданд: “Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад”.

Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намоянд. Пораву тамаъҷӯи ё худ коррупсия чун вабои тамоми давру замон аз амалҳое ба ҳисоб меравад, ки дар қиёс бо терроризму экстремизм зишттару хатарнок аст. Чунин нафароне, ки ба давлати худ бо чашми бад менигаранду пешравии онро дидан намехоҳанд, мавқеъ ва ҷазояшон муайян аст ва онҳо дар ҷомеа мақом ва арзише надоранд. Аммо нафароне низ ҳастанд, ки новобаста дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ кор ва фаъолият карданашон ба коррупсия даст зада (пинҳонкорона) ба пояи давлату миллат теша мезананд.

Аз таъқидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ҳар яки мо худамон намунаи ибрат бошему аз ин амал дури ҷӯем ва баъдан дигаронро ба он талқин намоем. Барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бетараф нашуда, ин вазифаро танҳо бар дӯши мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунем ва чун шаҳрванди ватандӯст ба сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҷомеа тафаккури зидди коррупсиониро ба амал орем.

Қодиров Забаршо,

Мутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Пайдоиши ТЕРРОРИЗмУ ЭКСТРЕмИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.